АЙНӢ: МАРОСИМИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

1 октябри соли равон дар маркази ноҳияи Айнӣ барои сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ Роҳбарияти ноҳия ва даҳҳо падару модар ҷаъм омада, сарбозони ихтиёриро бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан равон карданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Муқим Муродзода, намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва дигар сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин маърака аз ноҳияи Айнӣ 60 нафар ҷавонон ба хизмати Артиши миллӣ сафарбар карда шуданд.

Раиси ноҳия ҳамаи давъватшудаҳоро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбик намуда, иброз намуд, ки: "Сафарбар кардани ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ низ амали ватандӯстона аст. Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки заминаи таъмини асосии бехатарӣ ва амнияти давлат ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон артиш буд ва то абад мемонад". Муқим Муродзода иброз дошт, ки танҳо ҷавонони бо ору номус, шуҷоъ ва ватандӯст метавонанд, ки ҳар як порчаи ватанро ҳифз кунанд ва мардонавод сазовори номи сарбоз бошанд.

Баъдан Прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 – Нуриддин Имомзода Холмуҳаммад суханронӣ карда, зикр намуд, ки: “ Шумо ҷавонони бонангу номуси диёр имрӯз ихтиёран барои адо кардани қарзи фарзандии худ дар назди Модар-Ватан ҳозир шудаед. Барои ин иқдоми неки ҷавонмардонаи Шумо аҳсан мегӯям. Имрӯз вақти он расидааст, ки Шумо аз мактаби мардонагӣ гузаред ва барои ҳимояи марзу буми кишвар ва оромиши он талош кунед. Бовар дорем, ки Шумо аскарони тавоно мешавед ва сарбаландона хизмати ватанро ба ҷо меоред”.

Ҳамчунин дар ин рӯзи хурсандӣ даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Урметан Шодрӯз Алиев ба сухан баромада иброз намуд, ки: “Ҳар як ҷавонмарди ватандӯсти кишвар, ки ба синни даъват расидааст, бояд бо амри дилу виҷдон барои хизмати Модар – Ватан омода будани худро нишон диҳад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзу фарз ва ифтихори бузург аст”.

Инчунин модари даъватшаванда аз деҳаи Гузари Боди Ҷамоати деҳоти Рарз Моҳзода Усмонова дар ин ҷамъомад суханронӣ намуда, гуфт ки: "Ман ҳамчун модар фарзанди худро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда, мехоҳам, ки сулҳу суботи давлатамонро таъмин кунанд. Бигузор ҳар як ҷавон қарзи фарзандии модари худро иҷро кунад.

Ба ин ҷавонони шуҷои Ватан роҳи сафед орзумандам".

Сипас, намояндаи ҷанговарони интернатсионалист Раҳмат Ҳайдаров ба сухан баромада, аз номи ҷанговарони интернатсиалист довталабони ихтиёриро барои пайвастанашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ табрик гуфта, даъват ба амал овард, ки хизматро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адо менамоед ва сиҳату саломат ба назди падару модар бармегардед. Ҳамчунин дар ин рӯзи фараҳу шодӣ ба 11 нафар ҷанговарони интернатсионалист медалҳои ҷашнӣ бахшида ба 75-солагии Иди Ғалаба тақдим карда шуд.

Чун анъана зимни гусели наваскарон маросими нонгазонии модарону гулдухтарон ба ҷавонони навдаъватшуда баргузор карда шуд. Модарон ҳангоми нонгазонӣ даст ба дуо бардошта, хостори сиҳативу саломатӣ ва сарбаландона хизмат кардани фарзандонро намуданд.

Дар охир ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури ҳозирин шуд.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, Раиси ноҳия ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азиз барору муваффақият орзу намуд