Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Айнӣ

1 октябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар маросими ба истифодадиҳии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 иштирок намуд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 144 хонанда аз ҳисоби Барномаи Рушди Созмони миллали Муттаҳид сохта шуда, дорои 5 синфхона, хонаи омўзгорон, синфхонаи компютерӣ ва утоқи кории роҳбарият мебошад.

Сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №1 моҳи октябри соли 2019 оғоз ёфта, моҳи сентябри соли 2020 ба итмом расонида шуд. Барои бунёди синфхонаҳо 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон кормандони соҳаи маорифи ноҳияро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки омӯзгорон минбаъд низ барои соҳибмаърифату соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасоз аз имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.