Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Мусаллам аст, ки ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 октябр дар саросари кишварамон бо тантана таҷлил карда мешавад.

Забон барои мо ин бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгории маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад». Воқеан ҳам сарбаландии мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем. Ифтихори миллӣ, ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сарчашма мегирад. Кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони Истиқлолият, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як рукни муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ ва хизмати фарзандони фарзона дар ҳифзу гиромидошти он дуруст таъкид намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст”.

Дар ҳақиқат тавассути осори пурғановати устод Рӯдакӣ забони тоҷикӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абулмаонӣ Бедил, Аҳмади Дониш ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукуҳу шаҳомати хоса дарёфт.

Дар асри ХХ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва халқи тоҷик саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ хеле бузург аст. Хизмати устоди аллома Садриддин Айнӣ махсусан дар инқилоби маданӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ, забони адабии тоҷик, тарбияи адибони давраи нави Тоҷикистон ва пешрафти илму фарҳанги халқи тоҷик хеле калон аст. Зеро, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бори дигар мавҷудияти халқеро, ки таърих навишта ва таърих офарида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин рӯ, ҳифзу эҳтиром ва гиромидошти забони давлатӣ бузургтарин вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар маҳсуб меёбад.

Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст. Таърих исбот намудааст, ки ҳастии миллат ба ҳастии забони ӯ вобастааст ва ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегарданд. Забони мо воситаи муқтадири сарҷамъии миллати мо ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Итминони комил дорам, ки таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти ватандорӣ ва маърифати арзишҳои олии маънавӣ моро дар ҷодаи худшиносиву худогоҳӣ ба натиҷаҳои нек раҳнамоӣ хоҳад кард.

Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!