Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаи шаҳрванд Азамат Салимов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо фаъолияти гармхонаи шаҳрванд Азамат Салимов шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, гармхонаи доимамалкунанда аз ҷониби Азамат Салимов дар масоҳати 208 метри мураббаъ дар замини наздиҳавлигиаш сохта шудааст.

Дар гармхона дар давраи аввали фаъолият 1000 бех помидор ва 200 бех бодиринг шинонида, парвариш шуда истодааст. Барои сохтмону омода намудани гармхона зиёда аз 106 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Раиси вилоят иқдоми сокини ноҳияро шоистаи пайравӣ унвон карда, иброз дошт, ки сокинон дар шароити куҳсор бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Ба шаҳрванд тавсия дода шуд, ки доираи фаъолиятро васеъ намуда, дар як гектар замин гармхонаи нав бунёд ва дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳмгузорӣ намояд.

Сипас, Раиси вилоят аз манзили дигар сокини ноҳия Усарқул Олимов боздид намуд. Оилаи Олимовҳо имрӯзҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон маводи гуногуни ғизоиро захира намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳар як оила бояд ба таври кофӣ маҳсулоти зарурии рӯзгорро захира намояд.