Боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин мавзеъ дар доираи эълони солҳои 2019 -2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис ёфта, дар масоҳати 5 гектар ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ (фазан) гирд оварда шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ дар масоҳати 8 бар 5 метр бо баландии 3,9 метр бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар ин мавзеъ гирдовардашуда дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Роҳравҳои ин мавзеи дилфиреби сайёҳӣ дар масофаи 190 метр бо сангҳои гуногуни ороишӣ рӯпӯш гардидаанд, ки хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар ин минтақаи истироҳатию сайёҳӣ бо мақсади нигоҳубин ва намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ дар масоҳати 50 бар 50 метр ва нуқтаи гигиенӣ - санитарӣ бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди вилоят дастуру супоришҳои мушаххас доанд.

Тавре таъкид гардид, феълан дар вилояти Суғд барои қабул ва ташкили истироҳату сайёҳати меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дорад ва ҷуғрофияи воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол аз сол тавсеа дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардидааст ва дар ҳамин замина барои боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳии соҳилӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову хушманзараи сайёҳии наздисоҳилии вилоят ва дар ин росто ҷалби ҳарчи бештари шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба сохилҳои дарёи Сир мавзеъҳои истироҳатию ҷазираҳои сайёҳӣ бо шароиту имконоти муосир бунёд карда мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ доданд.