ҲИСОБОТ оид ба иҷроиши буҷети маҳаллии ноҳияи Айнӣ дар семохаи якуми соли 2019

 

ҲИСОБОТ

оид ба иҷроиши буҷети маҳаллии ноҳияи Айнӣ дар семохаи якуми соли 2019

Ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши буҷети ноҳия дар семохаи якуми соли 2019 нишонмедиҳад, ки мақомоти молияи ноҳия дар якҷоягӣ бо нозироти андоз ва дигар сохторҳои дахлдори ноҳия бо мақсади пурра ва бо сифат иҷро намудани нақшаҳои пешбинишудаи қисми даромади буҷети ноҳия ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ як зумра чораҳо андешида, ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.

Ҷадвали1. Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семохаи якуми 2019 сол 108,2 фоизро ташкил намуда,  ба буҷети маҳаллӣ 14076570 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1063170 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин аз 11 намуди сарчашмаи андозҳои ба даромади буҷети маҳалли воридшаванда ду намуди он босифат ва барзиёд таъмин нагардид. Ин андоз аз даромад, ки иҷроиши он ба андозаи 83,5% ва андоз аз арзиши иловашуда, ки иҷроиши он ба андозаи 75,6% ё ин, ки аз ҳисоб 693427 сомонӣ кам ба буҷет ворид  гардидааст. 

Ҷадвали 2. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 99,8 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷои 13768528 сомонии нақшаи хароҷот, 13746041 сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузори шаванда пардохт карда шуд, ки ин аз нақшаи хароҷот 22487 сомонӣ кам мебошад, ки хароҷотҳо бо номгӯи соҳаҳо чунин мебошад.

Маълумот                                                                                                             оид ба иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Айнӣ мувофиқи соҳаҳо дар семоҳаи якуми соли 2019
       
Ҷадвали 2     сомонӣ
       
Номг=и соьаьо  Нақша бо    тағйироташ    
Иҷроиш Фоиз
   
Хокимияти давлати идоракуни  853534 851171 99,7
Мудофиа 119259 119259 100,0
Мақомоти ҳифзи ҳуқуӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ 235892 235892 100,0
Маориф 7991990 7981593 99,9
Тандурусти 3490313 3482215 99,8
Суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимои 132203 132189 100,0
- кӯмакҳои дигар ба аҳолӣ 59462 59453 100,0
- ҳифзи иҷтимои 72741 72736 100,0
Хоҷагии манзилию коммунали, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал 422385 422351 100,0
Фарҳанг ва варзиш 447483 446321 99,7
- чорабинҳои варзиши 38595 38595 100,0
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ ва чорабиниҳо 385345 384203 99,7
- воситаҳои ахбори омма 13450 13450 100,0
- фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш 10093 10073 99,8
Кишоварзи, моҳидорӣ ва шикор 75068 75050 100,0
Нақлиёт ва коммуникатсия     0,0
Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати 401   0,0
Ҳамаги хароҷотҳо 13768528 13746041 99,8