Таҷлили бошукуҳи ду ҷашни бузург дар ноҳия

Бахшида ба фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати дуюми НБО-Роғун дар ноҳияи Айнӣ раҳпаймоӣ аз назди бинои БДА-и ноҳия оғоз гардид. Ба муносибати ин ҷашнҳои мубораки миллӣ Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, тшкилоту муссисаҳо, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва ҷавонон ҷамъ омаданд. Ҷавонони ватандӯст дар даст шиорҳо ва парчами давлатиро баланд бардошта, то ба назди бинои Қасри фарҳанги ноҳия бо суханҳои ватанпарварона раҳпаймойи намуданд. Сокинони бо нангу номуси ноҳия меҳру садоқати худро барои таҷлили ин ҷашнҳои бузург, тавассути хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар собит намуданд. Дар ин маърака зиёда аз чорсад нафар сокинон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолият ва кушодавии агрегати дуюми НБО-Роғун дар раҳпаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия кулли ҷамъомадагонро бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва кушодашвии агрегати дуюми НБО-Роғун табрик гуфта қайд намуд, ки: “Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5- январи соли 2010 ба мардуми Тоҷикистон” бо як ҷаҳон ихлосу муҳаббат ба халқу диёр ва эътиқоду эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурухшони ватан илова гардида, дар ҷону дили шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бо қудрати бузурги маънавӣ, ки қобил буд, дили сангро ҳам бишкофад, оташи нангу номуси миллиро шӯълавар намуд ва имрӯз Роғунро бо корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоию фидокории умумихалқӣ мубаддал гардонид. Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони ноҳияи моро ҳадду канор нест, зеро орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар-ба кор оғоз кардани боз як агрегати иншооти тақдирсози мамлакат-нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва истеҳсоли барқӣ он амалӣ гардид. Дар маҷмӯъ бунёди НБО-Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуда, хушбахтона агрегати 2-юмаш бошад, дар рӯзи ба ҳар яки мову Шумо азизу муқаддас, яъне “Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ” мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш кормандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи махсуси идона, ки ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва кушодашавии агрегати дуюми НБО-Роғун омода намуда буданд, пешкаши сокинон гардониданд.