Раиси ноҳияи Айни

Неъматулло Раҳматуллозода

28-марти соли 1960 дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаанд.

Соли 1977 мактаби миёнаи №18-и ноҳияи Айниро хатм намуда, пас аз хатми мактаб соли 1977 ба Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудаанд. Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намудаанд.

Фаъолияти меҳнатӣ

Солҳои 1984-1985 дар вазифаи иқтисодчии комиссияи банақшагирии комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии ноҳияи Айнӣ, солҳои 1985- 1986 котиби масъули Ҷамъияти “Дониш”- и ноҳияи Айнӣ, солҳои 1986-1990 инструктори комитети ҳизби комунистии ноҳияи Айнӣ кору фаъолият намудаанд. Солҳои 1990-1992 шунавандаи Институти Сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимои мактаби Олии ҳизбии Минск, сипас Академияи идоракунии назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Беларусро хатм намуда, солҳои 1992-1993 сармутахассиси шуъбаи танзими ҳамоҳангсозии робитаҳои иқтисодии хориҷии Кумитаи давлатии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1993-1995 мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва ояндабинии Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1995-2001 сардори шуъбаи танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сардори Раёсати муносибатҳо бо кишварҳои хориҷии дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001-2003 сардори Раёсати муносибатҳо бо кишварҳои хориҷии дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2003-2004 муовини раиси Ширкати саҳомии Холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”.

Солҳои 2004-2006 муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2007 сардори Раёсати иқтисоди хориҷӣ ва сармоягузории Вазорати энергетика.

Солҳои 2007-2009 сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2009-2010 сардори шуъбаи нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2012 сардори шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии ШСХК “Барқи Тоҷик”.

Аз октябри соли 2012 сардори бахши харид ва мониторинги гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаанд.

Аз 03 январи соли 2013 дар мансаби Раиси ноҳияи Айнӣ кор мекунанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016 таҳти рақами №723 бо медали “Хизмати шоиста” мукофонида шудаанд.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.