23 июли соли равон дар боғи фурудгоҳи марказӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Муродзода Муқим Ситоди корӣ бо иштироки
роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ситод ҳамчунин роҳбарони гурӯҳҳои корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок доштанд.
Дар ноҳияи Айнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст ва дар қаламрави ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, сохтмону бунёди иншооти гуногуни аҳмияти иҷтимоиву иқтисодидошта, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, маркази саломативу беморхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, чойхона, таъмиру таҷдиди роҳҳо, кашидани хатти обу барқ ва ғайра бомаром идома дорад.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 499 адад иншооти барои мардум зарурӣ бояд сохта ба истифода дода шавад, ки то имрӯз аллакай 475 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки ин 95,2 % нақшаро ташкил медиҳад.
Муқим Муродзода аз фаъолони ноҳия ҷиҳати рафти корҳо аз иншоотҳои ҷашнӣ пурсиш ба амал оварда, онҳоро вазифадор намуд, ки барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ корҳои муайянро ба сомон расонанд.
Ҳамагӣ диданд 412