• 24.03.2023 07:06

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Айнӣ

Июл 24, 2021

23 июли соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, масъулини раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ супоришҳои мушаххас дод.
Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат тахминан соати 14-15-и рӯзи 20 июл дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё сел омада, ба хоҷагии халқ зарар расонид. Бар асари офати табиӣ чанде аз хонаҳои сокинон зарар дида, роҳу пулҳо хароб гардиданд.
Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуда, ҳангоми гузаронидани корҳои бартарафкунӣ дар Патруддарё ҷасади шаҳрванд Боронбой Боронов, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати зикршуда дарёфт гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо корҳои бартарафсозӣ ба аҳли оилаи Боронбой Боронов изҳори ҳамдардӣ карда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони марҳум кӯмакҳои пуливу моддӣ расонид.

Ҳамагӣ диданд 441 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧