Маркази кумаки аввалияи тандурустию санитарии ноҳияи Айнӣ бо автомашинаи ёрии таъҷилии нав таъмин гардид
Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкории наздик бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Маркази кумаки аввалияи тандурустию санитарии ноҳия як адад нақлиёти санитарӣ дар заминаи автомашинаи навъи УАЗ 396295, соли бароришаш 2021 ҳадя карда шуд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода автомашинаи ёрии таъҷилиро ба роҳбарияти КАТС-и ноҳия супорида, гуфт, ки: -Ин ҳама аз шарофати Истиқлолият ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад. Чуноне ки маълум аст, солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди кишварамон, аз он ҷумла дар ноҳияи мо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Мо бо шукргузори аз ин ҳама дастгириҳо бояд самти соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои мухталифро рӯ ба рушду инкишоф оварда, дар ободонии Ватан бояд саҳми сазовор гузорем. Имрӯзҳо, ки кормандони КАТС-и ноҳия дар гузаронидани иммунизатсия ба деҳоти ноҳия сафарбар шуда истодаанд, тӯҳфа саривақтӣ буда, дар оянда низ барои шароити мусоид фароҳам овардан ба беморон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин Раиси ноҳия ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон миннатдории тамоми сокинони ноҳияи Айнро расонид.
Ҳамагӣ диданд 266