• 29.03.2024 02:54

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

АЙНӢ: Ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ дар деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз

Сен 6, 2021

5 сентябри соли равон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз хати нави оби нӯшокиро ба истифода дод.

Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- муовини якуми сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо иштирок дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки хати оби нӯшокӣ бо маблағгузории Иттифоқи Аврупо аз тарафи ташкилоти Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (Лоиҳаи Фонди Оғохон) сохта ба истифода дода шуд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи сентябр ба анҷом расида, барои таъмиру азнавсозии он 759 000 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Дар рафти корҳои барқарорсозӣ ду километр қубури асбестӣ аз сарчашма то ҳавзи обнигоҳдорӣ бо полиэтилен иваз карда шуда, барои тақсимоти об ҳавзи 100 куба тоза ва таъмир карда шуд.

Ҳамчунин барои истифодаи оби тоза як бинои хлоратор сохта шуда, аввал об бо хлор тоза карда мешавад ва баъд ба ҳавзи обтақсимкунӣ ҷорӣ мегардад.

Тақсимоти об аз ҳавзи калон ба маҳаллаҳои Мошбоғ, Деҳпаст, Навобод ва Дашти Некон ҳамагӣ ба 56 нуқтаи навсохта ҷорӣ мегардад, ки аз он 1421 нафар аҳолӣ истифода хоҳанд кард.

Дар зимн Муқим Муродзода бо фаъолон ва сокинони деҳа мулоқот намуда, аввал ҳамаи онҳоро бо фарорасии Ҷашни умумимиллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, баъдан миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба намояндагони Лоиҳаи Фонди Оғохон ва дигар нафарони дар барқарорсозии хати оби нӯшокии деҳа расонид. Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мо бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар роҳҳо тавонистанд ба зиндагии шоиста ноил гарданд. Ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва шароити мусоид овардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободонӣ ин роҳест ба ояндаи гул-гулшукуфи кишвари азизамон.

Ҳамагӣ диданд 484 

??????