7 сентябри соли равон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати Чумҳурии Тоҷикистон гузашти Паради ҳарбӣ бо иштироки беш аз 1000 нафар баргузор гардид.
Нахуст, Комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Айнӣ майор Борбад Бобозода ба Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оид ба саф оростан ва омода будани ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва захираҳои сафарбарӣ гузориш дод.
Пасон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатиии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо ва Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм иштирокчиёни парадро бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфтанд.
Аламзода Исроил Бобо ба сухан баромада, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли афсарону сарбозон ва иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
“Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам намудан аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам қавитар гардидани соҳибистиқлолии он кӯшишу ғайрат намоем. Поянда бод соҳибистиқлолии давлати тоҷикон!” — таъкид дошт Аламзода Исроил Бобо
Сипас, Комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Айнӣ майор Борбад Бобозода барои гузаштани паради ҳарбӣ амр намуд.
Ҳамагӣ диданд 407