• 07.02.2023 16:45

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РОҲНАМОӢ ҶАВОНОН!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РОҲНАМОӢ ҶАВОНОН!
13.01.2021. ноҳияи Айнӣ

Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд силсилавохӯриҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқ ва расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда истодааст.
Вобаста ба ин дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии мазкур роҳандозӣ карда шуд, ки дар он муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода, муовини сардори ШОПҲНҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҳоҷизода В.А., сарнозирӣ ШОПҲҶ, лейтенантӣ милитсия Давлатов У.Р., муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, майори милитсия Шокиров М., муовини Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Суғд Ҳабибуллоев У.Н., аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар ноҳия ва дигар ҷавонону наврасони фаъол аз ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ мутасаддиён вобаста ба самтҳои ба ҷавонон марбути Паёми Президенти мамлакат суханронӣ карда, ҷавонону наврасонро барои дар роҳи ободонии Ватан амал намудан, корҳои хайру савоб анҷом додан ва донишомӯзии бемаҳдуд ҳидоят намуданд. Гуфта шуд, ки ҷавонон нерӯи асосии созанда маҳсуб ёфта, ояндаи шукуфони ин кишвару ин давлат дар дасти онҳост. Бинобар ин ҷавонону наврасонро месазад, ки ҳамеша бо нияти неку амали боиси ифтихор қадам ниҳода, дар устувории сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.


Ҳамагӣ диданд 278 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧