• 29.03.2024 12:28

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Айнӣ

Янв 24, 2022

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи АйнӣТибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раисони шаҳру ноҳияҳо ва шахсони аввали мақомоту сохторҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад.Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз 24.01.2022 дар толори хурди бинои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода қабули шаҳрвандон гузаронида шуд.Дар қабул роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуда, дархосту талаботи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси ноҳия ба шаҳрвандони муроҷиаткарда, оид ба масъалаҳои ҳалталаб маслиҳатҳои судманд пешниҳод карда, баҳри фавран ёфтани роҳи ҳалли он роҳбарони сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Ҳамагӣ диданд 464 

??????