• 29.03.2024 12:50

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Айнӣ

Янв 24, 2022

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Айнӣ
24.01.2022 таҳти Раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Шӯро ва фаъолон баргузор гардид.
Нахуст, ҳисоботи Раиси Шӯрои ноҳиявии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оид ба фаъолият дар соли 2021 шунида шуд.
Қайд карда шуд, ки аъзоёни Шӯро ҷиҳати саривақт ва самаранок иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои доимӣ андешида, дар соли 2022 тарғиби пайвастаи Паёми Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, барои ба аҳли ҷомеа расонидани муҳтавои он аз воситаву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Фаъолон омодагиҳоро барои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳвари фаъолияти худ гузошта, силсилаи чорабиниҳоро амалӣ гардонанд.


Ҳамагӣ диданд 372 

??????