• 07.02.2023 17:03

Вохӯрии намояндаи БДА ҶТ “Амонатбонк” бо сокинони ноҳияи Айнӣ

Янв 24, 2022

Вохӯрии намояндаи БДА ҶТ “Амонатбонк” бо сокинони ноҳияи Айнӣ. Бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода имрӯз, 24.01.2022 дар ноҳияи Айнӣ вохӯрии намояндаи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” –Сардори идораи кормандони Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сарбоз Фаррухзода бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.Ҳадаф аз вохӯрӣ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.01.2022 баён гардиданд, мебошад. Чуноне, ки огаҳем, аз ҷониби Сарвари давлат зимни Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.01.2022 ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, қонунигардонии маблағҳо, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.Зимни баромад намояндаи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” –Сардори идораи кормандони Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сарбоз Фаррухзода таъкид намуд, ки дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, Амонатбонк тасмим гирифтааст, ки бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ ва дар маҷмӯъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ намояндагони худро ба шаҳру навоҳии кишвар сафарбар намояд.Маврид ба зикр аст, ки Амонатбонк яке аз бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ ба шумор рафта, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бонк дорои 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки дар сартосари ҷумҳурӣ, ҳатто дар дурдасттарин маҳалли он фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ филиали №25 Амонатбонк бо 9 маркази хизматрасонии бонкӣ, ба аҳолии ноҳия хизматрасонӣ менамоянд. Шумораи кормандони Бонк бештар аз 3 ҳазор нафар аст, ки наздики 44 фоизи онро занон ташкил медиҳанд. Бахусус дар филиали Амонатбонки ноҳияи Айнӣ 30 нафар кормандон, аз он ҷумла 7 нафар бонувон фаъолият доранд. Пардохти маблағи нафақа, музди меҳнати кормандони корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз офатҳои табии зарардида, алиментпулӣ, қабули маблағи пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағҳои Маркази милли тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ ва ғайраҳо, пешниҳоди қарзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷудошуда ба омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва муҳоҷирони иҷборӣ ва дар маҷмӯъ зиёда аз 200 номгӯи чунин хизматрасониҳоро дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат Амонатбонк амалӣ менамояд. Бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа ва интиқоли маблағҳо дар саросари кишвар 354 адад банкомат ва 2 172 адад постерминали Амонатбонк насб шудааст, ки 2 адад банкомат ва 18 постерминал ба аҳолии ноҳияи Айнӣ хизмат мерасонад.Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 млн. 463 ҳазор нафар расидааст, ки 15,1 ҳазор адади онро мизоҷони филиали №25 Амонатбонк дар ноҳияи Айнӣ ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 филиали №25 Амонатбонк дар ноҳияи Айнӣ 40,7 млн. сомонӣ маблағи нафақаи нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоиро пардохт намудааст. Ба санаи 31 декабри соли 2021 филиали Амонатбонк дар ноҳияи Айнӣ 33,4 млн. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намудааст.Дар охир сокинони ноҳия ба намояндаи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” –Сардори идораи кормандони Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сарбоз Фаррухзода талабу дархостҳояшонро пешниҳод намуданд.Ҳамзамон, вохӯрии Сардори идораи кормандони Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сарбоз Фаррухзода бо кормандони Филиали №25 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, ки мутасаддиён оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифадор карда шуданд.

Ҳамагӣ диданд 256 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧