• 02.12.2022 04:23

Таҷлили Ҷашни Сада дар ноҳияи Айнӣ

Янв 29, 2022

Таҷлили Ҷашни Сада дар ноҳияи Айнӣ
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Имрӯз, санаи 28.01.2022 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада таҷлил гардид.
Ба ҷашнвора Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо сухани табрикотӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси ноҳия ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи хотирмон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд: -Ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Ҷашни Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг доир мегардид. Танҳо ба шарофати озодию истиқлоли давлатӣ, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди ниёгон дар қатори ҷашнҳои миллӣ, ки дар давраҳои мухталифи таърихӣ анъанаи мардумӣ маҳсуб меёфтан, аз нав эҳё шуданд.
Дар зимн Раиси ноҳия аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод карданд, ки боиси болидахотирии иширокчиён гардид.

Ҳамагӣ диданд 225 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧