• 07.02.2023 15:42

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қабули шаҳрвандон аз ҷониби шахсони аввали мақомоту сохторҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 31.01.2022 дар толори хурди бинои МИҲД-и ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм қабули шаҳрвандон гузаронида шуд.
Дар қабул роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуда, арзу муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сокинон асосан бо масоили замин ва баҳси он, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, кишоварзӣ, сохтмон, кӯмакҳои иҷтимоӣ, ройгон ёри расонидан барои табобат ва ғайра муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия ба шаҳрвандони муроҷиаткарда, оид ба масъалаҳои ҳалталаб маслиҳатҳои судманд пешниҳод карда, баҳри фавран ёфтани роҳи ҳалли он роҳбарони сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.
Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, ки 31-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифт, 8 нафар пазируфта шуданд.

Ҳамагӣ диданд 301 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧