• 29.03.2024 01:48

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ
БО НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мансабдор бо намояндагони васоити ахбори умум гузашта истодааст. Вобаста ба ин имрӯз 04.02.2022 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, -сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов, намояндагони ВАО-и маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Сараввал Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оид ба натиҷаи бурду бохти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ҳисоботи мухтасар дод.
Баъдан, рӯзноманигорон саволҳоро оид ба таъмири роҳҳҳои маҳаллӣ, норасогии техникаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, масъалаи оби полезӣ ва нӯшокӣ, рушди соҳаи кирмакпарварӣ, зиёд кардани истеҳсоли пилла, иловатан шинонидани ниҳолҳои тут барои ғизои кирмак, зиёд кардани терминалҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат, саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ободонии ноҳия, омодагиҳо ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пешниҳод намуданд. Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Раиси ноҳия аз намояндаи вилоят, -сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов барои иштирок изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамагӣ диданд 420 

??????