• 28.03.2024 23:48

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз Ҷамоати деҳоти Фондарё

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз Ҷамоати деҳоти Фондарё
3-юми феврали соли 2022 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба хотири аз наздик сӯҳбату мулоқот гузаронидан бо сокинони ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Фондарё рафт.
Нахуст, Раиси ноҳия аз рафти ободонии роҳҳо дар минтақаи роҳҳои автомобилгарди Айнӣ-Искандаркӯл дидан кард. Бояд гуфт, ки дар минтақаи Фондарё корхонаҳои саноатии зиёде фаъолият карда истода, иловатан бахшида ба эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” боз якчанд фабрикаҳои коркарди маъдан бунёд мегарданд. Аз ин рӯ роҳҳо низ таъмиру тармим шуда, ба талабот мутобиқ гардонида мешаванд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии корхонаи саноатии “Талко Голд”, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фондарё бунёд гардида истодааст, роҳҳои маҳаллӣ васеъ гардонида шуда, айни ҳол якчанд техникаҳои корхонаи мазкур ва МДНРА дар самти амалӣ намудани ин иқдом ҷалб карда шудаанд. Муқим Муродзода ба мутасаддиён оид ба дар ҳолати хубу ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштани роҳ дастур дода, қайд кард, ки барои ба мумфарш мутобиқ кардани роҳ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро дар ояндаи наздик мумфаршкунии ин роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастгирии ниёзмандон, шахсони имконияташон маҳдуд, пирону барҷомондагон ва собиқадорони меҳнат Раиси ноҳия як қатор шахсони дар боло зикргаштаро аёдат намуд. Аёдати Муқим Муродзода аз оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат хеле бамаврид буд. Аёдатшудагон аз ин иқдоми шоиста ба Сарвари давлат ва роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Бахусус, собиқадори меҳнат, шоир Нақиб Сабурӣ, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас карда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст, аз роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуд. Лозим ба ёдоварист, ки якчанд маҷмӯаи ашъори Нақиб Сабурӣ дар солҳои гуногун ба чоп расида, бо ташаббуси мазкур “Қомуси Фон-Яғноб” нашр карда шуд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия дар деҳаҳо бо сокинону фаъолон вохӯрию мулоқот намуда, бо онҳо аз наздик суҳбат кард. Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия бо иқтибос аз Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Инчунин, Раиси ноҳия дар рафти сафари корӣ аз муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ дидан намуда, аз шароити кор ва рафти хизматрасонӣ ба мардум шинос шуд. Маълум гардид, ки дар китобхона-филиали №20 воқеъ дар деҳаи Ҳайронбед, фаъолият хуб ба роҳ монда шуда, дар китобхона зиёда аз 4000 нусха китоб маҳфуз аст. Аҳолӣ аз хизматрасонии мудири китобхона қаноатманд буда, тибқи нақшаи китобхона намоиши китобӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад. Дар муассисаҳои тандурустии ҳудуди ҷамоат новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти назаррас ба роҳ монда шуда, зимни сӯҳбат беморон аз хизматрасонии табибон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарё аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, синфхонаҳо тозаю озода ва ба шароит мутобиқ гардонида шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии Ҷамоат Муқим Муродзода бо хонандагону омӯзгорон сӯҳбат намуд. Зимни сӯҳбат барои огоҳ шудан аз савияи дониши хонандагон вобаста ба мавзӯҳои дар тахтаи синф дарҷгардида пурсиш ба амал овард. Баъдан Раиси ноҳия омӯзгоронро таъкид намуд, ки ба донишандӯзии хонандагон ҷиддитар муносибат намуда, баҳри баланд ва дар сатҳи зарурӣ мутобиқ гардонидани савияи дониши онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамчунин, дар рафти сафари корӣ Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи деҳаи Дижик дидан намуд. Бояд қайд кард, ки дар бунёди варзишгоҳи мазкур аз ҷониби МИҲД-и ноҳия 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар бунёди он саҳмгузорӣ менамоянд ва қариб 80 %-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар беруни варзишгоҳ соҳибкорон нақша доранд, ки ҳавзи шиноварӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт бунёд намуда, дар атрофи он ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонанд. Ногуфта намонад, ки дар назди МТМУ №34 ба номи Абдурозиқов Муллосодиқ аз ҳисоби оилаи Содиқовҳо майдончаи варзишии замонавӣ барои хонандагони муассисаи номбурда сохта ба истифода дода шудааст, ки ин иқдом шоистаи таҳсин мебошад. Ҳамчунин, аз ҷониби оилаи Содиқовҳо муасссисаи таълимӣ пайваста таъмир карда мешавад.
Зимни вохӯрӣ сокинони деҳаи Нарвад аз Раиси ноҳия барои бунёди боғи нав дар соҳили дарёи Искандар ва роҳи он иҷозат пурсиданд. Раиси ноҳия изҳор намуд, ки ин иқдом боиси дастгирист ва дар сабзу хуррам гардонидани атрофи роҳи асосӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар зимн Муқим Муродзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи саноатии “Талко-Голд” дидан намуд. Қобили қайд аст, ки бунёди чунин корхона дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, дар он аллакай зиёда аз 90% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст ва дар арафаи иди Наврӯз ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Дар охири сафари корӣ Раиси ноҳия аз рушди қутоспарварӣ ва нигоҳубини онҳо дидан карда, бо масъулон суҳбат намуд. Маълум гашт, ки қутоспараварӣ дар дар Ҷамоати деҳоти Фондарё рӯ ба рушд ниҳода, сафи қутосҳо сол то сол дар афзоиш аст.
Раиси ноҳия аз фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои мухталиф дар Ҷамоати деҳоти Фондарё изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудан ва рафъи баъзе камбудиҳои ҷойдошта масъулинро муваззаф гардонид.

Ҳамагӣ диданд 428 

??????