• 29.03.2024 20:50

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

БУНЁДИ муассисаи таълимии нав дар деҳаи Вотаи ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ

БУНЁДИ муассисаи таълимии нав дар деҳаи Вотаи ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Айнӣ, рушд додани соҳаи маориф ва таҳкими таълиму тарбият, дар доираи «Лоиҳаи амнияти башарӣ барои аъзами аҳолӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Ҷопон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Вотаи ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ оғоз мегардад.
Санаи 11. 02. 2022 дар Сафорати давлати Ҷопон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон муҳтарам Аики Тошиҳиро ва Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муқим Муродзода «Лоиҳаи сохтмони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ» ба тасвиб расид.
Бунёди чунин муассисаи таълимӣ дар деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ худ аз идомаи бомароми ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ҳамагӣ диданд 440 

??????