• 07.02.2023 15:49

Дар ноҳияи Айнӣ ба сохтмони боз як муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд


Субҳи имрӯз, санаи 16.02.2022 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба Ҷамоати деҳоти Урметан сафари корӣ анҷом дод. Нахуст, Раиси ноҳия бо фаъолони ҷамоат ва сокинони деҳаи Ревади поён суҳбату мулоқот ороста, бо иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Муқим Муродзода бо иштироки зиёди сокинони мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и деҳаи Ревад ба корҳои сохтмонии мактаби нав оғоз бахшида, санги асоси онро гузошт. Муассисаи нав тибқи лоиҳаи матраҳшуда аз ҷониби корхонаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Айнӣ(КФ КДФ) дар ду ошёна барои сесаду бист ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо сенздаҳ синфхонаи барҳаво, аз ҷумла озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхонаву дигар инфрасохтори зарурӣ ва дар он шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда, дар маркази деҳаи Ревад низ дар ояндаи наздик ба сохтмони мактаб санги асос гузошта мешавад.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ дар ин маъракаи хеле муҳим иброз дошт, ки : -Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин, ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ дар ин самт бо анҷом додани иқдомоти зиёд ба пешрафти соҳаи маорифи ноҳия аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст. Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Сарвари маҳбуби миллат санги асос ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан гузошта шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ ин иқдомро идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тамоми муассисаҳои таълимиро давра ба давра таъмир намуда, дар бунёду азнавсозии онҳо саҳми назаррас гузорад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси ноҳия аз рафти корҳои таъмирии фермаи мурғпарварӣ дар мавзеи Исрофилободи деҳаи Вешканд дидан намуд. Дар ин мавзеъ солҳои пеш говхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Вешканд” ҷойгир шуда буд.
Бахшида ба солҳои 2022-2026 эълон гардидани солҳои рушди саноат соҳибкор Фарзон Субҳонқулов тасмим гирифтааст, ки дар ин мавзеъ фермаи мурғпарварӣ ба хотири таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ бунёд намояд. Айни ҳол дар иншооти мазкур корҳои васлу насби таҷҳизоти зарурӣ гузаронида шуда истодааст ва соҳибкор ният дорад, дар арафаи ҷашни Наврӯз онро ба истифода диҳад. Бо ба фаъолият шуруъ намудани корхона 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Дар партави ҳидоятҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дар идомаи сафари корӣ Раиси ноҳия дар деҳаи Вешканд оилаҳои ниёзмандро аёдат намуд.

Ҳамагӣ диданд 354 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧