• 07.02.2023 16:41

Баргузории маҷлиси муштараки фаъолони
ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи комиссияи даъватии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 декабри соли 2021 №604 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022” гузашта истодааст.
Вобаста ба ин, нимаи дуюми рӯзи 17- феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода, раиси комиссияи даъвати ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбии ноҳия бо ҳайати шахсӣ, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассиони мизи қайди ҳарбии ҷамоатҳо, ҳайати комиссияи тиббии ноҳия, сардори ташкилоти мададгори мудофиаи ноҳия, сардорони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаи маҳалҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳияи Айнӣ, раиси комиссияи даъват дар ноҳия, муовини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, комиссарони Комиссариатҳои ноҳияҳо аз рафти иҷроиши Қарори мазкур маълумоти муфассал доданд. Баъдан, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода оид ба масъалаи баррасишуда ибрози андеша намуда, масъулинро доир ба иҷрои босифат ва саривақтии Қарори болозикр муваззаф намуд.
Дар интиҳои ҷамъомад Раиси ноҳияи Айнӣ вобаста ба ин масъала изҳори назар намуда, зикр кард, ки мо омодаем барои омӯзонидани 100 нафар ҷавонон дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа аз ҳисоби маблағҳои МИҲД-и ноҳия мусоидат намоем ва муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзодаро бовар кунонид, ки дар ноҳия даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон босифат ва дар вақти муайяншуда иҷро карда мешавад.

Ҳамагӣ диданд 288 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧