• 19.03.2024 14:30

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГ

5-уми марти соли равон бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бахшида ба Рӯзи Модар дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – сарчашмаи зиндагӣ” доир гардид.
Дар чорабинӣ бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногун ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар ибтидо Раиси ноҳия Муқим Муродзода ин санаи фархундаро, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ –Наврӯз таҷлил мегардад, ба модарону бонувон таҳният гуфт.
Зикр гардид, ки сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта шавад.
Гуфта шуд, ки занони ноҳияи Айнӣ дар радифи дигар занҳои фаъоли Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.

  • Аз шумораи умумии 85 400 нафар аҳолии ноҳия 42 400 нафарашро занон ташкил менамоянд. Шумораи умумии занони қобили меҳнат бошад, 22305 нафар буда, имрўз онҳо дар баробари мардон фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дар ноҳия 1 нафар зан вакили маҷлиси вилоятӣ, 10 нафар вакили маҷлиси ноҳиявӣ, 47 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳо мебошанд. Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия 91 нафар зан кору фаъолият дорад. Аз теъдоди 1700 нафар омўзгор 610 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, 667 нафар зан фаъолият менамояд. Қобили қайд аст, ки имрӯз 311 нафар зани ноҳия раисони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ мебошанд, ки дар навбати худ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон, рушди соҳаи пиллапарварӣ аз ташаббус ва аз меҳнатҳои шабонарӯзии бонувони мо вобастагӣ дорад, ки ин шоистаи таҳсин аст,-гуфт дар идома Раиси ноҳия.
    Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расонд.
    Ҳамин тариқ, барномаи фарҳангии бошукӯҳ бо иштироки ҳунарманди шинохта Зиёвиддини Нурзод ва кормандони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Ҳамагӣ диданд 906 

??????