• 16.08.2022 09:58

ПАЁМИТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ МУҚИМ МУРОДЗОДАБАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

ПАЁМИ
ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ МУҚИМ МУРОДЗОДА
БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Муҳтарам аҳли қалам!
Ҳар сол санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки ба ин муносибат тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро табрик гуфта, ба онҳо саломативу тансиҳатӣ ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу менамоям.
110 сол пеш аз ин бо ибтикори гуруҳе аз равшанфикрону фарҳангиёни тоҷик нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” таъсис дода шуд, ки минбаъд ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик замина гузошт. Таъсиси рӯзномаи мазкур яке аз падидаҳои ҷолиби асри 20 маҳсуб ёфта, дар он маводи гуногун оид ба вазъи сиёсии замон, расму оин, забону фарҳанг, илму маориф, тиҷорату бозаргонӣ, ахлоқу ҳунар ва зиндагии рӯзмарраи мардум дарҷ мегардид, ки ба ташаккули афкори солим ва бедории ҷомеа мусоидат намуд.
Матбуот дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад.
Имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон: — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад. Саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷикро варақгардон намуда, ба хубӣ метавон дарёфт, ки дар сархати маводу матолиби рӯзномаҳои вақт мавзӯҳои марбут ба ормонҳои миллӣ, бахусус истиқлолият, озодӣ ва меҳанпарастӣ қарор доштаанд.
Маҳз, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр ва манзалати матбуоти тоҷик низ баланд гардида, барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд ва бори нахуст бо ибтикори Сарвари давлат соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҷумҳурӣ ботантана таҷлил гардид.
Дар ин замина қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа, аз ҷумла ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» баёнгари эътибори саривақтии роҳбарияти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма аст.
Воқеан ҳам, нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.
Бо назардошти нақш ва мақоми шоистаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар гардидани фаъолияти расонаҳо иқдомҳои заруриро амалӣ намуда, пайваста аҳли қаламро дастгирӣ менамояд.
Боварии комил дорам, ки журналистони ноҳият дар инъикоси корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд.
Бори дигар, кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, барояшон рӯзгори обод ва дар корҳои эҷодиашон фатҳи қуллаҳои навро таманно мекунам.
Ид муборак, аҳли қалами ноҳия!

Ҳамагӣ диданд 270 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧