• 16.08.2022 08:09

Таҷлили 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар ноҳияи Айнӣ
Субҳи имрӯз, санаи 11.03.2022 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандону собиқадорони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия ба сухан баромада, аҳли қалами ноҳияро бахшида ба Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла афзуд: -Маҳз, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр ва манзалати матбуоти тоҷик баланд гардида, барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд ва бори нахуст бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҷумҳурӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин замина қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа, аз ҷумла ба тасвиб расидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» баёнгари эътибори саривақтии роҳбарияти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма аст”.
Сипас, сармуҳаррири муассисаи давлатии рӯзномаи “Файзи зарафшон” Шамсиддин Халифаев ба сухан баромада, қайд кард, ки: -Рӯзномаи ноҳиявии “Файзи Зарафшон” дар соли 2019 ва пеш аз он моҳе як маротиба чоп мешуд ва бисёр хабару рӯйдодҳо бинобар кӯҳна шудан, беарзиш мегардиданду зиёде аз онҳо рӯи чопро намедиданд. Дар соли 2020 мо кӯшиш ба харҷ додем нашри рӯзномаро ҳадди ақал дар як моҳ ду маротиба ба роҳ монем ва хушбахтона дар ин самт мо муваффақ шудем. Дар давоми соли 2021 бошад, нашри рӯзнома дар як моҳ се маротибаро дар бар гирифт, ки ин аз рушди соҳа гувоҳӣ медиҳад. Ин аст, ки рӯзномаи “Файзи Зарафшон” дар соли 2019 -33 шумора, дар соли 2020 -49 шумора ва дар давоми соли 2021 -64 шумора чоп шуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии аҳли қалам гашт. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан, Раиси ноҳия муҳтарам Муқим Муродзода кормандони рӯзнома, имрӯз ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (саҳифаи фейсбукии “Файзи Зарафшон”) ва ҳам тариқи табъу нашр воқеаву рӯйдодҳои ноҳиявиро ба мардум пешниҳод карда, ҷомеаро аз навгониҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия саривақту фаврӣ огоҳ менамоянд. Як нуқтаро бояд махсус қайд намоям, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, нахустин бор рӯзномаи “Файзи Зарафшон” дар моҳи феврали соли 2022 дар як моҳ чор маротиба чоп шуд ва ин моро барои ҳафтанома шудани рӯзнома хеле наздик кард. Мо албатта кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки рӯзномаи “Файзи Зарафшон” дар ояндаи наздик ба ҳафтанома мубаддал гардад ва ахбору рӯйдодҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ саривақт ба мардум пешниҳод карда шавад.
Баъдан, муовини раиси ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия –Айём Муродов дар мавзӯи нақши матбуот дар ташвиқу тарғиби сиёсати ҲХДТ, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Абдушукур Хокирозода дар мавзӯи нақши матбуот дар тарғиби сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Абдуғанӣ Қобилзода дар мавзӯи нақши матбуот дар тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, инчунин рӯзноманигорони ноҳия Хайрулло Юсуфӣ, Усмон Барот, Шараф Боқӣ, Шукӯҳӣ Наҷот, Мирзо Қулов, Фарзона Низомова, Қамариддин Одинаев ва дигар собиқадорони соҳа дар мавзӯҳои доғи рӯз маърӯзаҳо карданд.
Гуфта шуд, ки -Воқеан ҳам, нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Дар зимн аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳаи матбуот сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамагӣ диданд 243 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧