• 16.08.2022 09:00

ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АЙНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ ДОИР ГАРДИД

ИҶЛОСИЯИ ДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АЙНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ ДОИР ГАРДИД
17 марти соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, мудирони шӯъбаву бахшҳои зерсохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатиби ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ба баррасии иҷлосияи навбатӣ масъалаҳои зерин пешниҳод гардид:

  1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №166 аз 30.04.2021 “Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”дар ноҳияи Айнӣ.
  2. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети ноҳиявӣ барои соли 2022.
  3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
  4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Дар-Дар №11 Қосимов Сарафроз Акрамович дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш.
  5. Оиди пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии “Вота” №1 Қурбониён Фарҳод Карим.
  6. Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум дар ҳавзаи интихоботии “Вота” №1.
  7. Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум.
  8. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
    Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №166 аз 30.04.2021 “Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”дар ноҳия сухан ба муовини Раиси ноҳия Зокирзода Гулсара Абдузоҳид -вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯҳруд №17, ахбороти муфассал пешниҳод намуд.
    Сипас, Ҳафизов Абдувосеъ Маҷидович -вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ревад” №2, Саидзода Зебо Зиёвиддин -вакил аз ҳавзаи интихоботии “Айнӣ” №16, ва вакил аз ҳавзаи интихоботии “Канте” №33 Самизода Олимҷон Хоҷа дар музокираи масъалаи якум баромад намуданд.
    Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади таъмин намудани иҷрои сифатнокии буҷети ноҳиявӣ дар соли 2022 ба буҷети ноҳиявӣ баъзе тағйиротҳоро ворид карда шудад.
    Доир ба масъалаи сеюм, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Исковат” №3, Туйғунова Туҳфа Субҳоновна маърӯза кард.
    Аз руи масъалаи чоруми рўзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қосимов Сарафроз Акрамович -вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дар-Дар” №11 дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.
    Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии “Вота” №1 қарори дахлдор қабул гардид.
    Аз руи масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ дар ҳавзаи интихоботии “Вота” №1, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гуфта шуд, ки дар сурати аз ҷониби Маҷлиси дахлдори вакилони халқ беэътибор дониста шудани ваколатҳои вакилони алоҳида, ё бо сабабҳои дигар пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакилон дар ҳавзаи дахлдори интихобот баъд аз хориҷ шудани вакил, интихоботи дигар гузаронида мешавад. Интихобот аз тарафи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ на дертар аз се моҳи пеш аз гузаронидани он таъин гардида, бо риояи талабҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии ваклони халқ” ташкил карда мешавад. Қайд карда шуд, ки бинобар пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Қурбониён Фарҳод Карим- вакил аз ҳавзаи интихоботии “Вота” №1, интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ бар ивази вакили хориҷшуда, дар ҳавзаи итихоботии болозикр рӯзи якшанбеи 22 майи соли 2022 таъин карда шавад.
    Бо баррасии масъалаи ҳафтуми рӯзнома “Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии “Вота” №1, қарор дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум қироат карда шуд. Зикр гардид, ки мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум, ҚАРОР МЕКУНАД:
    Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба гузаронидани интихобот дар ҳавзаи интихоботии “Вота” №7 иборат аз 7 нафар, дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
    Мукарамов Фарҳод — Сармутахассиси шуъбаи маориф; 2. Ахмедов Абдулбақо -Собиқадор, нафақахури хизмати давлатӣ; 3. Холиқова Турсунмоҳ — Директори китобхонаи системаи марказонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия; 4. Неъматов Файзулло Сайфуллоевич -Директори муассисаи давлатии варзишгоҳи марказии ноҳия; 5. Баҳриева Маҳина Баҳромовна -Мудири шуъбаи методии китобхонаи системаи марказонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия; 6. Низомова Фарзона Ризолиддиновна -Омӯзгори МТМУ №1; 7. Шодиев Турамурод -Директори МТМУ №1;
    Вакилон ҳамзамон қарорҳои раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.
    Дар охир, Раиси ноҳия кори иҷлосияро ҷамъбаст намуда, ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва сохторҳои ноҳиявӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамагӣ диданд 593 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧