• 02.12.2022 03:29

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
21-уми марти соли 2022 дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода ширкат намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз гӯшаи ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия, ки маҳсули дастранҷи онон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз гирду атрофи наврӯзгоҳ бо шиорҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону масъулин мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои наврӯзӣ ташкил карда буданд.
Ҳамзамон, агар дар як тараф гурӯҳе аз занон гирди деги суманак шеърхонон мерақсиданд, дар тарафи дигар овози карнай ва сурнай хотири сокинонро шод менамуд.
Дар наврӯзгоҳ, ки беш аз 3 ҳазор сокинон ҷамъ омада буданд, Раиси ноҳияи Айнӣ суханронӣ намуда, тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфт.
Аз ҷумла, Раиси ноҳия иброз дошт, ки дар таърихи фарханги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ вобаста ба таҷлили рӯзи байналмилалии Наврӯз қайд намуда буданд:

“Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст”

  • Яке аз суннатҳои зиндагисози Наврӯз, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, анҷом додани амалҳои хайру савоб, бахусус дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони муҳтоҷу ниёзманд ва аёдати маъюбону пиронсолон аз ҷониби шахсони саховатпешаву савобҷӯй ва ба ин восита таъмин намудани ҳамбастагии хосу ом, мустаҳкам гардонидани риштаи дӯстиву рафоқат ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа мебошад. Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастҷамъона амалӣ намудани чунин иқдомоти нек боис мегардад, ки одамон бо иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кӯмак расонанд ва дар ин асос эҳсоси дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият пайдо намояд,-гуфт дар идома Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода.
    Баъдан, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо табрикоти Ҳукумати кишвар ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба мардуми сарбаланди ноҳия расониданд.
    Ҳамин тариқ, барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Ҳамагӣ диданд 340 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧