• 28.03.2024 15:49

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
Субҳи имрӯз, 23.03.2022 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии Исрофилобод ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи байналмиллалӣ табрик намуд.
Зимни суханронӣ дар назди сарҳадбонон Муқим Муродзода, таъкид дошт: “Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Имрӯз зери шуҷоату мардонагиҳои Шумо афсарону сарбозонг Ватани мо обод асту халқамон осоишта зиндагӣ карда истодаанд. Бо умеди он, ки Наврӯзи имсола боиси фатҳу кушоишҳои нав барои ҳамватанони азизи мо хоҳад гардид, бори дигар ҳамаи мардуми шарифи ноҳия ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, орзу дорам, ки ин баҳору садҳо баҳори дигар, Наврӯзи сулҳу дустӣ, пойдории Ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва шукуфоии диёрамон гардаду Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфонтар шавад”.
Дар интиҳо кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватанпарастии хеш табъи сарбозонро болида гардониданд. Ҳамчунин аз ҷониби зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба афсарону сарбозон дар қисми низомӣ дастархони идона густурда шуд.

Ҳамагӣ диданд 610 

??????