• 27.05.2022 10:14

Сатҳу сифати зиндагии мардум дар ноҳияи Айнӣ рӯ ба беҳбудист

Сатҳу сифати зиндагии мардум дар ноҳияи Айнӣ рӯ ба беҳбудист
Дар идомаи тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки Раиси ноҳия Муқим Муродзода фермаи мурғпарварӣ дар мавзеи Исрофилободи деҳаи Вешканд ба фаъолият шурӯъ намуд.
Вазифаи мурғпарварӣ парвариши паррандаҳои хоҷагии қишлоқ (мург, мурғобӣ, ғоз, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ) мебошад. Мақсади асосии мурғпарварӣ истеҳсоли тухму гӯшт буда, истеҳсоли пар ва тибит маҳсулоти иловагии он аст.
Бахшида ба солҳои 2022-2026 эълон гардидани солҳои рушди саноат соҳибкор Фарзон Субҳонқулов ба хотири таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ бо маблағи зиёда аз чорсад ҳазор сомонӣ фермаи мурғпарварӣ бунёд намуд. Дар фермаи мурғпарварии мазкур айни ҳол зиёда аз 10 ҳазор чӯҷаи зоти бройлер дароварда шуд, ки дар муддати чилу панҷ шабонарӯз барои истеъмол тайёр мешаванд. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Муқим Муродзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи фермаи мурғпарварӣ иброз дошт, ки:

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд -Моро зарур аст, ки бо дарназардошти дастовардҳои солҳои гузашта ва таҷрибаи аз раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ андӯхтаамон вазъи иқтисодиёти кишварро мунтазам ва ҳамаҷониба таҳлил намуда, онро ба озмоишҳои эҳтимолии дарпешистода омода созем ва навсозии иқтисодиву иҷтимоии оғозкардаамонро пайгирона идома диҳем. Яъне, зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар омилҳои зикргардида ба инобат гирифта шаванд.

Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки рушди фермаҳои мурғпарвариро дар ҳудуди ноҳия боз ҳам зиёдтар гардонад. Айни замон дар ҳудуди ноҳия се фермаи калони мурғпарварӣ фаъолият мекунанд, ки фермаи имрӯз ба истифодадодашуда чорум мебошад. Мо соли гузашта се фермаи мурғпарвариро дар ҳудуди ноҳия ба истифода додем, ки аз ба фаъолият шурӯъ кардани онҳо тамоми аҳолӣ бо тухми сифатан хуб ва нархҳои дастрас таъмин карда шуданд. Агар се фермаи пештар аҳолиро ба тухм таъмин кунанд, пас фермаи имрӯз ифтитоҳёфта, мардуми ноҳияро бо гӯшти мурғи бройлер таъмин менамояд ва ин албатта дар барномаи рушди солҳои 2022-2026, яъне эълон гардидани солҳои рушди соҳаи саноат мусоидат хоҳад кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти рушди соҳаи саноатро дар ҳамин раванд пайгирӣ намуда, дар оянда низ барои нумӯи он ҷаҳду талошҳо меварзад”.

Ҳамагӣ диданд 156 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧