• 27.05.2022 10:57

Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ

Апр 1, 2022

Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ
Субҳи имрӯз, санаи 01.04.2022 сол дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Муқим Муродзода маҷлиси машваратӣ баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории машварати корӣ –“Муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” буд.
Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзӣ, сардори Нозироти андоз, шӯъбаи Омор, Кумитаи идораи заминсозӣ, роҳбарият ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ, заминсозону кишоварзони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин аъзоёни гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия бо сухани ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки маҷлиси имрӯза бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус супоришҳои дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида вобаста ба масъалаи оқилона истифодаи ҳар як ваҷаб қитъаи замин, кишти баҳорӣ, аз он ҷумла кишти картошка ва дар ин радиф таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои олии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат мебошад, мақсад гузоштем машварати корӣ бо ҳамаи кормандони соҳаи кишоварзӣ баргузор намоем.
Дар идомаи машаварати корӣ сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мансур Носиров доир ба рафти киштукори баҳорӣ , аз ҷумла, кишти картошка ва рафти омодагиҳо ба тақсимоти кирмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия маълумоти муффасал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки соли ҷорӣ дар ноҳия парвариши 200 қуттӣ кирмак бо иҷроиши 5000 кг ба нақша гирифта шудааст.
Сипас, сардори Нозироти андоз дар ноҳия Оқилзода Фарзон Олим вобаста ба Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баромад намуд.
Ҳамчунин, сардори шӯъбаи омор Маликов Ҳалим ва раиси Кумитаи замини ноҳия Махсумзода Мизроб оид ба иҷроиши киштукори баҳорӣ дар марҳилаи аввал маълумот доданд.
Зимни машварати корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -сардори Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замини хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳдории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллозода Имодулло вобаста ба масъалаҳои мазкур изҳори андеша намуд.
Дар интиҳо Муқим Муродзода аз раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сардори идораи об дар ноҳия ва дигар масъулон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоту монеаҳои дар ин самт мавҷудбуда пурсиш ба амал оварда, барои ҳалли саривақтии он ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод. Масъулон вазифадор гардиданд, ки оид ба сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, бо шаҳрвандон корбарӣ намоянд.

Ҳамагӣ диданд 146 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧