• 02.12.2022 05:45

ПАЁМИШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ МУҚИМ МУРОДЗОДАБА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҳамдиёрони азиз!Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст. Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд.Анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.Ҳамдиёрони азиз! Як нуктаро аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мехоҳам иқтибос биёрам, ки чунин мегӯянд: -Зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад. Понздаҳ сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст. Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронида шудааст, қатъӣ риоя намоянд.Дар пайравӣ ба суханҳои Сарвари муаззами миллат таъкид менамоям, ки сокинони ноҳияи Айнӣ низ ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон гузорем.Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо баробари риояи рукнҳои моҳи муборак корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамватанони азиз!

Ҳамагӣ диданд 204 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧