• 02.12.2022 03:36

Раиси вилоят дар ноҳияи Айнӣ беморону ниёзмандонро аёдат кард

Раиси вилоят дар ноҳияи Айнӣ беморону ниёзмандонро аёдат кард

26 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ чанде аз ниёзмандонро аёдат карда, ба оилаҳои аёдатшудагон кумакҳои моддӣ расонид.Раиси вилоят аз ҳоли сокини деҳаи Рарз Ҷовид Ҳакимзода, ки маъюби гуруҳи якум аст, хабар гирифта, аз дӯкони кории ӯ боздид кард. Ҷовид новобаста аз бемории худ ба дӯхту таъмири пойафзол машғул буда, барои таъмини эҳтиёҷоти худ меҳнат мекунад. Раҷаббой Аҳмадзода ба кори ин ҷавон, ки мушкили ҳамдеҳагонашро осон месозад, баҳои баланд дода, амали ӯрои шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.Раиси вилоят ҳамзамон сокини деҳаи Шаватки поён, маъюби гуруҳи якум Анзурат Боқиева ва сокини деҳаи Шамтуч Азизмоҳ Асадоваро, ки оилаи ниёзманд маҳсуб меёбад, аёдат намуд.

Ҳамагӣ диданд 209 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧