• 27.05.2022 11:16

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ИДОМА ДОРАНД

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ИДОМА ДОРАНД

Субҳи имрӯз, 27.04.2022 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти корҳои бунёдкории Ҷамоати деҳоти Урметан дидан кард. Нахуст, Раиси ноҳия аз рафти корҳои таъмирии Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Урметан дидан кард. Ёдовар мешавем, ки хонаи фарҳанг бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру тармим хоҳад шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бо ташаббуси бевоситаи Раиси ноҳия маҷлисгоҳи хонаи фарҳанг барои 260 курсӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо тарҳи замонавӣ таъмир карда мешавад.Муқим Муродзода вобаста ба таъмири натанҳо хонаи фарҳанг, инчунин барои таъмири бинои Ҷамоати деҳоти Урметан, ки дар он ҳам хонаи фарҳанг ва ҳам китобхонаи системаи марказонидашудаи деҳаи Урметан ҷойгир гаштааст ба мутасаддиёну фаъолони Ҷамоат дастуру супоришҳо дода, таъкид ба амал овард, ки сифати таъмирро назорат карда, дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонанд.Баъдан, Муқим Муродзода аз рафти корҳои сохтмонӣ аз Беморхонаи минтақавии №2-и деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан дидан кард. Хотиррасон менамоем, ки дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан бинои наву замонавӣ барои 40-кат бунёд гардида истодааст. Сохтмони беморхонаи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сомон расонида мешавад. Корҳои сохтмониро ҶДММ “Тоҷик-Элит-Сохтмон”-и шаҳри Душанбе ба уҳда гирифта, айни замон қариб панҷоҳ фоизи он иҷро шудааст. Раиси ноҳия –Муқим Муродзода зимни мулоқот бо сохтмончиёну кормандони беморхонаи номбурда гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хотири татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар фаъолияти худро дар самти бунёду азнавсозӣ, таҷҳизонидан ва таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти зарурии тиббӣ вусъат бахшида, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳама самтҳои афзалиятноки ҷомеа хизмати арзанда анҷом диҳад. Ҳамчунин Раиси ноҳия ба сохтмончиёну мутасаддиён таъкид кард, ки дар интихоби масолеҳи сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд, сохтмони беморхонаро бо сифати хубу замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир анҷом диҳанд.

Ҳамагӣ диданд 47 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧