• 02.12.2022 03:33

Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба сохтмони чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд

Апр 28, 2022

Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба сохтмони чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд

Дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд.
Чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он ташикили чойхона, мағоза, сартарошхона, толори ороишӣ барои занон дар назар дошта шудааст.
Тавре ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, иншооти мазкур тибқи нақша то охири сол ба истифода дода шуда, даҳҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Раиси вилоят бунёди чунин иншоотро дар деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, тавсия дод, ки барои ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ва ҷалби бонувону духтарон ба кор низ чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳамагӣ диданд 146 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧