• 30.06.2022 21:18

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Май 25, 2022

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…
Аз рӯзи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии азизамон мавриди ҳамлаҳо ё ҷангҳо гардидааст.Чунин ҷангҳоро зидди кишварамон маъмулан қувваҳои зерин амалӣ мекунанд: абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ,неруҳои оппозитсионии тоҷик ва гуруҳу ҳаракатҳои террористӣ бо андешаҳои бегонаи ғайри анъанавӣ,ки бо онҳо Ҷумҳуриамон проблемаҳои ҳалношуда дорад.
Тавре маълум аст аз сентябри соли 2015 то инҷониб ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати мамнуъ эълоншудаи Паймони миллии Тоҷикистон,ки ТЭТ ҲНИ,Гуруҳи 24 ва созмону ҳаракатҳои дигари оппозитсионии кишварро мутаҳид месозад.
Бесабаб нест,ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 онҳоро бадхоҳон ё хоинони миллат номида чунини қайд карданд:
“Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро,ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем,кимардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат,ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд,гирифтор намешаванд”.
Инак боз ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар Бадахшон рӯй дода собит намуданд,ки ҷинояткороне чун Мамадбоқир Мамадбоқиров ва пайравонаш аз рӯйи сенарияҳои тарҳрезӣ шудаи хоинони миллату давлат,барои манфиатҳои худашон амал мекардаанд.Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро ва барқасдона Қонунҳои амалкунандаи кишварро вайрон карда,дар маҳаллаи “Хоруғи боло”-и шаҳри Хоруғ гуруҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода,ба як қатор ҷиноятҳои вазнин,инчунин терроризм даст задааст.Ӯ ва ҳаммаслаконаш мехостанд фазои орому осудаи ватани азизамонро боз ноором созанд.
Вале читавре мебинем мақсаду ҳадафҳои нопоки ин разилон ,мисли М.Кабирӣ,А. Шерзамон,Р.Ҷонӣ,А.Саркорова ва дигарон дар кишвари мо амалӣ нагардид.Нақшаи татбиқ намудаи ин зархаридон дар Хоруғ татбиқ нагашт.
Чи хеле ки мо ҳамагон огаҳӣ дорем М.Мамадбоқиров бо таъкидҳои чандин маротибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамият надода ,ҷиноятҳои худро идома медод,бо ТЭТ ҲНИТ ҳамкории тиҷоратии террористӣ карда,ба ивази миллионҳо доллар хост,ки дар минтақаи Бадахшон бетартибии куллиро ба ҷо орад.
Мавриди зикр аст,ки бо сабаби ба доми фиребу найранги наҳзатиҳо афтодани М.Мамадбоқиров садҳо ҷавонони дигар гумроҳ гашта,падару модари худро дар ҳолати ногувор қарор доданд.вале асолатбохтаҳо ва зархаридҳои наҳзатӣ аз кору фаъолияти террористии худ заррае шарму ҳаё накарда,боз дар рӯ ба рӯи миллати тоҷик ин ҷинояткорро “шаҳид”хонда истодаанд.Бовар мекунам,ки барои аҳли наҳзат ҷони ягон ҷавонони бадахшӣ ва азобҳои падару модари онҳо муҳим набуд ва нест.Онҳо дар ҳама лаҳза фикру андешаашон барои дарёфти пулу моли зиёд аз хоҷагонашон банд асту халос.
Мардуми сарбаланди тоҷикистон мо бояд ҳаргиз фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи хоинони миллати тоҷик нагардида,бо ҳам камари ҳиммат баста,ватанро боз ҳам дар якҷоягиву ҳамбастагӣ боз ҳам ободу зебо гардонем ва ҳеҷгоҳ ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем.Ба хотири зиндагии осоишта ва тараққиёти кишвар дар якҷоягӣ бояд ҷаҳду талош намоем.
Коллективи омӯзгорони МТМУ№45,н.Айнӣ

Ҳамагӣ диданд 120 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧