• 30.06.2022 21:26

Хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!

Май 25, 2022

Хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!
Андеша:
Муроҷиат ба ҷавонони вилояти зебоманзари Бадахшон!
Ҷавонони гиромиқадр, ҳаммаи мову шумо хуб медонем, ки ҳеҷ гоҳ шахсони нохалафу бадхоҳи миллат ба мақсади худ нарасидаанд ва намерасанд. Ба ёд оред, ки баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ 15 давлати пасошуравӣ истиқлолият ба даст оварда буданд. Дар қатори дигар кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо низ 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гашту, вале бо ҳар баҳонае бадхоҳону хоинони Ватанфуруши миллат бо васвасаҳои хоҷагони хориҷии худ дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе ҷанги таҳмилиро шурӯъ намуданд. Баробари оғоз гардидани ҷанги бародаркушу ҷанги хонумонсуз аҳолии мамлакатамон чи қадар ранҷу машақатҳо кашиданд, ки дар натиҷа бародар аз дасти бародари худ кушта гардида, овози гиряи модару кудак то ба арши аъло расид. Ин ҷанги таҳмилан болои сари миллати мо омада (яъне бо иҷборӣ аз бефаҳмии мо), ба иҷтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонида беш аз 10 милиард доллари ИМА зарар овард ва шаҳрвандони кишвар аз тарсу ҳароси ин ҳодисаҳои нангин зиёда аз 700 000 нафарашон тарки Ватан намуда, дар дигар кишварҳои дунё муҳочир гашта, ба хориву ба зорӣ зери маломату фақру нодорӣ муддате умр ба сар бурданд, ки рузҳои хеле сахте буд назди миллати номдору овозадору фарҳангсолори тоҷик. Тоҷике, ки аз дасти ҳамватани худ ба чунин руз фитода.
Дар баробари ҳамаи ин ноамниву задухурдҳо Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба ҳаммаи ин нооромиҳои кишвар нигоҳ накарда тавонистанд, ки зиёда аз 600 000 аҳолии тарки Ватаннамӯдаро ба Ватан баргардонанд, ба хонаву дари худ, ба хоки аҷдодиашон (ин кори осон набуд он шабу рӯзҳо, ҳол он, ки бисёриҳо намехостанд, ки гурезагон баргардонида шаванд).
Он нооромиҳои харобиовар боис гашт, ки роҳбари давлат барои ба даст овардани Сулҳ ва имзо намудани «Созишномаи умумии Истиқрори Сулҳ» ба чандин кишварҳои чаҳон ба музокирот рафтанд ва дар ниҳоят баъди 7 соли ҷангу ҷидол дар кишвар, санаи 27-уми июни соли 1997 Президенти кишвар бо чи қадар азобу шиканҷаҳо ба кишвари худ ва сокинонашон сулҳ овард. Ин ҳама ранҷу машаққатҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат, ки дур аз Ватани хешу ақрабонашон буданд баҳри пойдории Сулҳ ба сокинони осоиштаи кишвар буд. Нихоятан дар кишвари мо сулҳ пойдор гашт.
Ҳама он ҷангҳои хонумонсуз ва нооромиҳои солҳои 1991-1997 бас набуд, ки боз бо бархе аз дасисаву хабарҳои бардуруғи беасос ҷавонони гумроҳу фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ ва мардумони такя ба хочагони хориҷидошта, вориди майдонҳо гашта, суботи сиёсии кишварро халалдор сохта истодаанд, магар ин ҳама оромиву тинҷӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба диламон зада бошад, ё мехоҳем ба мисли давлати ҳамсояамон Афғонистон дигарҳо омада болои сарамон ҳукмрони намоянд, иқтисодиётамон фалаҷ гардад, мактабҳо баста шаванд, кудакон овара гарданд, гуруҳҳои ҷиноятпеша аз нав сари қудрат оянду мо ҳама ба онҳо хизматгор бошем…. боз чи мехоҳем мову шумо!!!
Бинобар ин аз ҳаммаи ҷавонон ва мардуми осоиштаи ВМКБ ва шахри Хоруғ даъват ба амал меорем, ки ба ваъдаву гапҳои холӣ ва пучу беасоси гуруҳҳои ҷиноятпеша аҳамият надиҳанд, зеро ҳаммаи мо дар кишвари орому осуда ва дорои шароитҳои хуби замони муосир зиндагӣ дорем. Он ҷавононе, ки вазъи орому осудаи кишварро халалдор месозанд ва ба диёри худ хоин мегарданд бояд, ки аз ҳодисаҳои имрӯзаи бархе аз кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон дарси ибрат гиранд, зеро то ба хол кишварҳое вучуд доранд, ки тули солиёни дароз дар он кишварҳо ҷангҳои бемантиқу бемаъниву беасос рафта истодааст, ба монанди кишварҳои Шарқи наздик, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва амсоли онон дар дигар манотиқ.
Ҳаммаи ин нобасомониҳое, ки дар дигар давлатҳо ба вуқуъ пайваста истодаанд, моро ҳушдор месозад, ки ба қонуншиканиву бетартибиҳо ва гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Зеро, ки бархе аз ҷавонони имрӯза бо иродаи ноустувори хеш ҳаёти худро зери хатар ниҳода, ба доми гафлати гуруҳҳои ифротӣ мубтало мегарданд ва дар натиҷа бозичаи дасти дигарҳо гашта дар охир аз бефаҳмиву бесаводӣ қурбони ҷаҳолату фаҳшу фаҳшоният мегарданд.
Аз ин ҷост, ки мо ҳама паҳлу ба паҳлуи якдигар, пайи ободу зебо гардонидани давлати зебои худамон Тоҷикистони азиз гашта, шукронаи сулҳу суботи кишварро намуда, бо хамдигар дусту бародар шуда ин меҳани аҷдодии хешро боз ҳам ободтар созем. Шахсе, ки ба хуруфотпарастӣ, ба бегонапарастӣ, ба ноором сохтани чомеа даст мезанад ба чойе то ҳол нарасидааст ва намерасад.
Биёед бо ҳам камари ҳиммат баста, кинагириро аз дилҳо дур сохта, дар якчоягӣ бо мардуми кишвар Ватани азизи худро содиқонаву софдилона дуст дорем, ободу зебо гардонем ва ба наслҳои ояндаамон — чи тавре пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд – як мулки ободро ба мерос гузорем!
Мудири бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар нохияи Айнӣ
А.Ҷураев

Ҳамагӣ диданд 81 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧