• 02.12.2022 05:34

КАНОРАҶӮИ АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.

Май 25, 2022

КАНОРАҶӮИ АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.
Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳониро ноором сохта, ба сари мардумони кишварҳои ҷаҳон бадбахтию ноумедӣ ва нооромиҳои зиёдро ҳукмфармо намуда истодааст.
Ҳаммаи мо медонем, ки терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш, расонидани зарари моддию маънавӣ, таҳдид ба ҷони инсоният, зӯроварӣ ва қатлу куштор, таҷовуз ба номус, ноамнии сулҳу осоиштагӣ, ғасби ҳокимият, таъғийр додани сохти конститутсионии давлатҳо, аз байн бурдани лидерҳо ва шахсони мансабдори сиёсӣ, зери азобу шиканҷа қарор гирифтани одамони бегуноҳ, аз ҷониби террористону экстремистон ба ҳисоб меравад.
Инкишоф ёфтани терроризм ва экстремизм алалхусус дар байни ҷавонони фирефтаю гумроҳ дуруст ба назар мерасад, зеро дар ҷомеаи ҷаҳон ин падидаҳои маргбори номатлуб ҳамчун вабои аср барои мардуми бегуноҳ муаммое гаштааст. Дар шароити замони имруза терроризму ифротгароӣ ҳамчун вируси ноаён натанҳо амнияти сиёсии ҷаҳонрову мардумони сайёраро таҳдид мекунад, балки барои аҳли олам хатари он аз силоҳи ядроӣ дида бадтар аст. Қишри осебпазир ва мубталои ҷабри чунин гуруҳҳоро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд, ки ҳар лаҳзаву ҳар дам метавонанд бо як имову ишораи гурӯҳҳои тундгароӣ ба доми ғафлати ин ваҳшиҳо гирифтор шаванд.
Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро (фаҳмондадиҳиро) дар самти шомил нашудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пурзур намоянд. Мо хуб медонем, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавии ҷиноятҳои хусусияти ифротиву иҷборидошта то ба ҳол ба чашм мерасад. Ин ҳодисаҳои нангин моро ҳушдор месозад, ки то ҳол амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ решакан нашудааст ва ҳар як фарди ин Ватан бояд дарк намояд, ки бартараф ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби замони муосир натанҳо вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди боору номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.Ҳар як шаҳрванди баору номуси мо бояд ба қадри хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба қадри сулҳу суботи комил, ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии осоишта бояд бирасад. Ҳаргиз ваъдаҳои бардуруғи беасоси мухолифинро бовар накунад. Мову шумо хуб медонем он кишварҳое, ки амалҳои вахшиёнаи террористиву экстремистӣ дар он ҷойҳо дар ҷӯшу хурӯш аст, наин ки пешравии иқтисодиёти соҳаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд, балки руз ба руз ва сол то сол ноумедие дар зиндагонии боқимондаи инсонҳо дида мешавад. Зеро ба террорист фарқе надорад, ки ту кистӣ ва аз кадом қавму қабила ҳастӣ, ҳамин ки ба боварии ӯ даромадӣ то ҳадди имкон ӯ туро ба доми фиребу найранг бурда ҳаёту зиндагии осоиштаатро ба хок яксон мекунад.
Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст то, ки истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро бидонанд ва дигар расонаҳои хабарии аъзоёни гуруҳҳои террористиро бовар накунанд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони соҳибақлу соҳибхиради мо дар дигаргуншавии рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолияти назаррас нишон дода истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳаммаи суханрониҳояшон атрофи ин мушкилоти хатарафзо чунин ибрози назар мекунанд! «Террорист дар асл падару модар, давлату миллат ва забон надорад». Аз ин суханони пурмӯҳтаво бар меояд, ки ҷавонони мо ҳаргиз фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нашуда, баҳри ободию сулҳу суботи осоишта камар банданд ва дар суботи сиёсии кишвари азизамон ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷиду ҷаҳд намоянд.
Мудири бахши ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
А. Ҷураев

Ҳамагӣ диданд 158 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧