• 02.12.2022 04:28

САРҶАЪМИИ МО ИТТИҲОДИ МОСТ

Май 25, 2022

САРҶАЪМИИ МО ИТТИҲОДИ МОСТ
Ватан, меҳан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд.  Воқеаҳое, ки аз санаи 17 май то ин ҷониб баъзе ноҳияҳои ВМКБ-ро фарогиранд, воқеан ҳам кули мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми заҳматкашу заҳматдусти ноҳияи Айниро нигарон кардаанд. Зеро воқеаҳои мазкур, ки ба ақидаи мо, шояд бо дастуру маблаѓгузориҳои неруҳои беруна роҳандозӣ шуда, ҳадафи ҷудоиандозиро дар ҷомеаи Тоҷикистон пайгирӣ менамоянд, сулҳу суббот ва ваҳдати миллии моро халалдор намуда, боиси бори дигар тира гардидани фазои орому беолоиши ҷомеаи тоҷикон мегарданд.
          Бояд таъкид кард, ки аз хотираи мардуми тоҷик рӯзҳои мудҳишу даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ ҳанӯз ҳам зудуду нашудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон оқибатҳои вазнини ҷанги таҳмилии бародаркушро, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар тоҷикон ва тоҷикистониён қурбон ва ҳазорҳо нафари дигар бехонумон шуда, хазинаи давлат касоду миллати тоҷик парешон гардида буд, бо талошу пайгириҳои босубот бартараф намуда, тайи ду даҳсолаи охир дар фазои ороми кишвар зиндагӣ ва баҳри ободии Ватан, инчунин таҳкими истиқлолият, ки беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасозӣ ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Албатта, мушкилиҳо ҳанӯз ҳам бисёранд ва ягона роҳи ҳалли ин мушкилиҳо ваҳдат ва ягонагии мардуми тоҷик аст. Танҳо дар сурати ваҳдату иттиҳод будан, мо метавонем ин мушкилотро низ бартараф намуда, барои худ ва ояндагони худ зиндагии шоиста муҳайё намоем.
          Мо итминон дорем, ки халқи сарбаланду фарҳангсолори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фирефтаи мудаиёну тарѓибгарон ва дасисабозони берунию дохилӣ нагардида, аз пайи тафриқаандозону ҷудоиандозон нарафта, ваҳдату якпорчагии кишварро нигоҳ медоранд ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри якпорчагии кишвар ва ваҳдату ягонагии миллат кӯшиш хоҳанд кард.
Дар натиҷа ҷанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд, занонро бева ва фарзандонро ятим мекунанд. Аммо бояд мо ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.

Ҳамагӣ диданд 256 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧