Вокуниш
оиди ҳодисаҳои номатлуби ВМКБ дар давоми соли 2022
Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хосатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмони диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои старатегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд.
Аз ҳамин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт. Аммо, баъди рушди илму техналогия ва кафш гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон бартарият пайдо намуданд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.
Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин 70% аҳолиро шахсони то 30 сола дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳарриқи рушди кишвар мебошанд. Чуноне, ки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмуи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абдулқосими Фирдавсӣ
«Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор».
Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки мутаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обруву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.
Имрўзњо аз сустиродагии љавонон истифода карда љавононро ба њаргуна њизбу њаракатњои ифродгароӣ, террористц ва муµобили сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат ҷалб намуда истодаанд. Чи тавре, ки ба мо маълум аст, бархе аз жавонони роҳгумзада дар ҳодисаҳои имрўзаи ВМКБ оиди роњгумкунии љавонон якчанд тарѓиботњоро гузарониданд, ки аз тарафи давлат дастгир гардид. Баъзе аз ин жавонон хоини давлат, ки то имрўз неъмати Тољикистони азизро хурду ба намакдон туф кард бояд аз хотири мо фарзандони бо нангу номуси Ватани азизамон фаромуш нашавад.
Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуввум-барномаи мушаххас, севум-иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимиро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намуданд: “Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихи хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд”.
Омўзгорони МТМУ №6, ноҳияи Айнӣ: Ҷумаева Муборак,
Носиров Содирхон
Ҳамагӣ диданд 645