• 24.03.2023 08:43

Муроҷиатнома ба мардуми шарафманди Бадахшон!

Май 27, 2022

Муроҷиатнома ба мардуми шарафманди Бадахшон!
Хизматгорони наҳзатиҳо ва гурўҳҳои манфиатхоҳи берунӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи Тоҷикистон, бахусус Бадахшон ноҷур гардад ва нақшаҳои ғаразноки онҳо тадриҷан пиёда шаванд. Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон кори дасти душманони миллат мебошад
Ҳукумати имрўзӣ дар шароите сари қудрат расид, ки наҳзатиён дар қаламрави ҷумҳурӣ ба бедодгарӣ машғул буданд ва сокит шудан ва хомўшӣ ихтиёр кардан дар он вазъият бетарафию тарсуие беш набуд. Манзараи даҳшатноки ибтидои солҳои навадуми садаи бистумро набояд фаромуш кунем.
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳимест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад кардааст. Авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ба ҳама маълум аст. Аҳволи мардуми сарсахти Афғонро ҳар яки мо аз расонаҳои иттилооти мебинем ва мефаҳмем. Бародарони Бадахшони ин бесарусомониҳо ба манфиати кист? Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ин авбошони зери таъсири хоҷагони беруна бударо дастгири накунед!
Аз ин лиҳоз мо кормандони тандурустии ноҳияи Айнӣ амалҳои ноҷоизонаи душманони миллатро,ки мехоҳанд вазъи тинҷу ороми Ватани азизи моро халалдор намоянд муҳокима намуда даъват ба он менамоем,ки иғвою балвогариро бас кунанд ва зиндагии орому осоиштаи мардумро ба гирдоби ғурбат накашанд. Оиди масъалаи мазкур дар минтакахо корбари карда мешавад.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи умумии кормандони тандурустӣ рӯзи 25 майи соли 2022 қабул карда шуд.

Ҳамагӣ диданд 370 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧