• 28.03.2024 18:18

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

Таҷлили “Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон” дар ноҳияи Айнӣ

Июн 1, 2022

Таҷлили “Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон” дар ноҳияи Айнӣ Имрӯз, санаи 01.06.2022 дар назди майдони Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистони маркази ноҳияи Айнӣ “Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон” бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳолӣ ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Раиси ноҳия зимни баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи 1 июн дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил карда мешавад. “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” бо қарори Анҷумани Шӯрои Федерастияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил карда шудааст. Бо назардошти аҳмияти бузурги ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлодлияти давлатӣ Консепсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳони меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асонди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ бо муқарророти онҳо мутобиқ гардонида шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқукӣ кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушахас андешида шудаанд. Дар назди Ҳукумат комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон марҳила ба марҳила амалӣ мегардонад. Дар ҷумҳурӣ ҳимояи ҳуқуқу ҳифзи саломатии кӯдак, ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсил, табобат ва фароғат оварда шудааст. Аз ҷумла, нисбати ниёзмандон, қишри осебпазири ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон шароити арзанда муҳаё карда шудааст.Муқим Муродзода ба чор муассисаи томактабие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият мекунанд, тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид. Дар зимн, кӯдакони муассисаҳои томактабӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи идонаро пешкаши иштирокчиён гардониданд, ки хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуд. Чорабинӣ дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардид.

Ҳамагӣ диданд 253 

??????