• 27.09.2022 03:12

Ба сохтмони боз як корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ
санги асос гузошта шуд

Июн 12, 2022

Ба сохтмони боз як корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ
санги асос гузошта шуд

Ҳукумати кишвар барои татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, барномаҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст.
Дар ноҳияи Айнӣ, ки дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад, бо ҷаҳду талошҳои Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истода, масъулон ба хотири таъмини рушди устувори саноат, рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мамлакат ва рақобатнокии он чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, вобаста ба амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади тақвияти истеҳсолот ва таъмини аҳолии кишвар бо истеҳсоли сементи хушсифати Ватанӣ санаи 11.06.2022 дар Ҷамоати деҳоти Анзоб барои сохтмони заводи истеҳсоли семент “Фон – Семент” санги асос гузошта шуд. Фармоишгари корхонаи истеҳсолии мазкур ҶДММ “Фон – Семент” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Саноатсоз” матраҳ гардидааст. Бо бунёд гардидани корхонаи болозикр фармоишгар нақша дорад дар давоми сол то 100000 тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд. Корхонаи саноатии “Фон – Семент” мувофиқи нақшаи фармоишгар бояд дар давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни гузоштани санги асос бо масъулон суҳбат карда, гуфт, ки пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани солҳои 2022-2026, барои мардуми Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Айнӣ ин як фоли нек буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нақша дорад то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар тамоми нерую қувваи хешро ба он масраф намояд. Зеро, соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд. Дар пайравӣ ба суханҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ноҳияи Айниро ба як ноҳияи пешрафтаи саноатӣ табдил додан, ҷаҳду талошҳо намуда, дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми муносиб гузорем.

Ҳамагӣ диданд 238 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧