• 27.09.2022 03:54

Роҳи осебпазири Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ барқарор шуд
Аз сабаби зиёд гардидани оби дарёи Мастчоҳ ҳамасола роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, воқеъ дар километри 22-24 байни деҳаҳои Рарз ва Похути Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ осебпазир гардида, ба рафту омади нақлиёт баъзан мамоният эҷод мекунад. Роҳи мазкур дар наздикии дарё қарор дошта, чанд соли охир аз сабаби рафту омади нақлиёти боркаше, ки аз Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт мекашонанд, сахт таъмирталаб шудааст. Бояд қайд намуд, ки роҳҳои ин минтақа барои рафту омади ин гуна нақлиёт (дуланҳо) омода набуда, купрӯкҳо низ барои ин намуди нақлиёти гаронвазн пешбинӣ нашудаанд. Ҳамзамон, ронандагони нақлиёти мазкур ангиштро аз меъёр хеле зиёд бор мекунанд, ки баъзан сабаби ба садама дучор шудани нақлиётҳояшон мегардад.
Чуноне ки маълум аст санаи 12- уми июл як мошини боркаши тамғаи «Дулан» бо сабаби аз меъёр зиёд бор кардани ангиш ва идора карда натавонистани автомобили худ дар ин роҳи осебпазир ба дарё афтид. Хушбахтона ронанда тавонист худро аз хатар наҷот диҳад, вале мутаассифона ин ҳанӯз ҳам ба дигар ронандагони нақлиёти боркаш дарси адаб нашуда, ҳоло ҳам мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд боркардаи ангиштро аз самти Кӯҳистони Мастчоҳ ба сӯи ноҳияи Айнӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Якчанд рӯз пештар аз сабаби лағжиши кӯҳпора роҳи мазкур махкам шуда буд. Бо тасмими Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дарҳол таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар ва дигар масъулон дар мавзеи Осиёи чашма, дар назди роҳи вайроншуда ситоди шабонарӯзи ташкил гардида, бо супориши Муқим Муродзода Раиси ноҳияи Айнӣ тамоми техникаҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия барои шароити мусоид фароҳам овардан ба нақлиётҳои хурду калоне, ки ба Ҷамоатҳои Рарзу Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста ҳаракат мекунанд, равона карда шудаанд. Айни ҳол дар километри 22-24 таҳти роҳбарии Муқим Муродзода роҳи валангоршуда пурра таъмир гардида, бист метр болотар аз роҳи пешина роҳи нав бунёд гардида, барои бемамоният ҳаракат кардани нақлиёт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур маблағи зиёд сарф менамояд. Аз аввали соли 2022 то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои нигоҳдошти роҳи мазкур 43 ҳазор сомони маблағ масраф шудааст. Албатта он маблағе, ки барои нигоҳдошти роҳ мақомоти маҳаллӣ сарф менамояд кифоя намебошад, зеро барои дар ҳолати хеле хуб нигоҳ доштани роҳ зиёдтар маблағ лозим аст. Ёдовар мешавем, ки роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар тавозуни Вазорати нақлиёт буда, бодарназардошти аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштанаш, мебояд Вазорати нақлиёт ба он бештар таваҷҷӯҳ кунад. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар шабу рӯзи фаромадани ярч аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 10 тонна сӯзишворӣ кӯмак карда шуда, аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ низ 1 тонна сӯзишворӣ барои фаъолияти техникаҳои идораи МДНРА кӯмак карда шуд.
Раиси ноҳия имрӯз зимни боздид аз роҳи навбунёд ба масъулон таъкид ба амал овард, ки мо бояд барои беҳдошти роҳу бехатарии ронандагон ва дигар мусофирон тамоми қувваи хешро равона карда, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намоем.

Ҳамагӣ диданд 185 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧