• 27.09.2022 03:53

Қирғизи сулҳбезор

Ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти мусаллаҳона анҷом дод. Дар ҷараёни ин амалиёти аҳдшиканона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаҳои оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид. Ҳодисаҳои охири марзӣ бори дигар ниятҳои нопоки душманони Истиқлолу ягонагии Тоҷикистонро ошкор намуд. Ҷониби Қирғизистон пас аз эълони оташбас аҳдшиканона амалиёти ҷангиро такрор менамуд.Афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ барои ҳимояи хоки кишвари азизамон ҷони худро дареғ надошта, бо баҳои ҷон марзу буми кишварро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи қирғиз ҳимоя намуда, қаҳрамониҳо нишон доданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни Қирғизистон чанде аз сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ҷароҳат бардоштанд ва қисме аз онҳо фавтиданд. миллати тоҷик дар тули таърих “ба хоки дигаре аз сари кина бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидааст”. Вале таърих гувоҳ аст, ки ба сари миллати тоҷик борҳо лашкар кашида, кӯшиши нобуд кардани миллати моро кардаанд. Қатлу кушторҳои анҷомдодаи қирғизҳо рӯзҳои 16 ва 18 сентябр нисбати миллати тоҷик ваҳшоният ва амалҳои ғайринсонии Чингизхонро ба хотир меорад. Дар ҳоле, ки қирғизҳо ба сарзамини мо таҷовузи низомӣ намуда, зани ҳомиладор ва шаҳрвандони осоиштаро қатл карданд ва илова бар ин кишвари моро мехоҳанд дар арсаи ҷаҳон бадном кунанд, ин ҳолат дар назди мо савол мегузорад, ки таҳаммулгароиамонро идома диҳем ё не?Шояд шаҳрвандони оддии Қирғизистон ҷонибдори идома ёфтани моҷароҳои марзӣ набошанд. Аммо бархурд, мавқеъгирӣ ва муносибати Роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҷонибдори идома ёфтани моҷаро ва мураккаб боқӣ мондани вазъ ҳастанд. Дар нисбати Тоҷикистон истифода гардидани мафҳумҳои “душман” ва “таҷовузгар” аз тарафи Президенти Қирғизистон Садир Жапаров далели андешаҳои болост. Ҳатто пас аз имзои Протокол (19.09.2022), С.Жапаров рӯзи 20.09.2022 дар Иҷлосияи 77-и Ассамблеяи Генералии СММ кишвари моро таҷовузгар номид. Ҳол он, ки таҷвузгари асоси низомиёни Қирғизистон буданд. Дар чунин шакл идома ёфтани моҷароҳои марзӣ моро водор менамояд, ки ба созиш ва аҳди ҷониби қирғиз бовар накунем. Моро лозим аст, ки нерӯҳои низомии кишварро дар ҳолати омодабош нигоҳ дорем. Дар баробари ин шаҳрвандонро низ зарур аст, ки дар паҳлӯи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта ҷиҳати иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ устувор бошанд.

Ҳамагӣ диданд 104 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧