Табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода
ба муносибати 92-солагии таъсисёбии ноҳияи Айнӣ
23.11.2022с.
Имрӯз, 23 ноябр аз таъсиси яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд -Айнӣ 92 сол сипарӣ мешавад. Айнӣ бо хоки зархезу дарёи зарафшон, манзараҳои мафтункунанда, кӯҳҳои сар ба фалак кашида, чашмаҳои мусаффову боғҳо ва ҷангалзорони пурмева, шахсиятҳои барӯманду фарзона ва мардуми заҳматкашу ватандӯст дар миқёси мамлакат ва берун аз он шӯҳратёр гардидааст.
Дар ҳақиқат, Айнӣ натанҳо ноҳияест бо табиати хосу мардуми меҳнатдӯст, балки хазинаест аз таърихи бою рангини гузаштаи халқи тоҷик. Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ў (Деваштич) аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад.
Айни замон дар ноҳия 8 ҷамоат, 86 деҳаи хурду калон ва се шаҳрак мавҷуд аст. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 шумораи аҳолии ноҳия 86 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз, ноҳияи Айнӣ — маркази бузурги саноатии рушдёфта дар миқёси ҷумҳурӣ буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ бо муҳити тозаи экологӣ мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвар маҳсуб меёбад. Сокинони кишвари озоду ободи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сӣ сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзиши истиқлолу озодӣ барҳақ таъкид доштаанд, ки «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳамагон хуб дар ёд доранд, ки даҳ соли аввали истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд ва бояд хотирнишон намуд, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Хушбахтона имрӯз Тоҷикистони азиз боз қомат рост кард. Имрӯз аз дасти эҷодкори фарзандони ин миллати бузург ҳама чиз меояд. Имрӯз фарзандони ин халқу миллати тавоною тамаддунофар боз даст ба бунёдкорӣ задаанд. Ватани худро ободу зебо гардонида истодаанд, заминҳоро кишт мекунанд, боғҳо наву замонавӣ бунёд мекунанд, роҳҳоро обод мекунанд. Бале, тоҷик имрӯз ҳамқадами замон аст ва дар бархӯрди тамаддунҳо аз эъҷозу тавоноии худ садо мебарорад. Тоҷик имрӯз заводу фабрикаҳо месозад, корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд мекунад, даштҳои ташналабро ба гулистон табдил медиҳад, кӯҳҳоро талқон мекунад ва аз қаъри синаи он ганҷу гавҳар мекашад ва ин ҳама аз файзи истиқлол аст. Истиқлолият ба халқу миллати мо воқеан ҳам шукуфоӣ ҳадя кард.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар даҳсолаи охир, дар ноҳияи Айнӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, иншооти хизматрасонӣ барои меҳмонону сайёҳон, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, фермаҳои чорвопарварию мурғпарварӣ, қутоспарварию моҳипарварӣ ва роҳу пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду нақби азим канда мавриди истифода қарор дода шуд, ки мардуми солҳои зиёду тӯлонӣ азияткашидаро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кард. Ёдовар мешавем, ки даҳ сол пештар мардуми мо бо фаро расидани фасли сармо дар бунбаст меафтоданд, ки аз сафар кардан ба марказҳои маъмурии вилояту ҷумҳурӣ маҳрум мемонданд. Роҳе набуд, ки аз охирҳои моҳи октябр то фарорасии фасли баҳор хешони худро аёдат кунанд, ба шаҳрҳо рафта худро табобат намоянд ва аз ҳама муҳимаш роҳ набуд дар ин айёми бунбаст, ки маводи ғизоӣ ба ноҳия ворид гардаду мардум аз он бемалол истифода кунанд. Хушбахтона имрӯз ин мушкилот паси сар шуд. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи раҳоӣ тавассути нақб бунёд карда шуд. Имрӯз мардум ҳар соату ҳар лаҳзае хоҳанд ба ҳар куҷо сафар мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, ин марди тавоною бунёдкор бори дигар раҳи озодиро ба рӯи мо боз намуд.
Чунин пешравиҳои назаррас тавассути якдиливу ободонии аҳли кишвар дар сарзамини азизамон ба амал омадаст, ки ҳар яки моро водор месозад ба қадри ҳар як дастоварди замони истиқлол бирасем ва шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватанро кунем.
Ҳамдиёрони азиз, бори дигар Рӯзи таъсисёбии ноҳияи Айниро бароятон муборакбод мегӯям. Шоду пирӯз бошед!

Ҳамагӣ диданд 188