• 07.02.2023 17:43

АЙНӢ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Дек 27, 2022

Дар асоси дастури супоришҳо ва  ҳидоятҳои созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  бахшида ба Соли нави мелодӣ  Раиси ноҳияи Айнӣ  Муқим Муродзода  собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва ятимони куллро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои яквақтина ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Зимни аёдат Раиси ноҳия Муқим Муродзода аз хизматҳои шоистаи собиқадорони меҳнат дар рушду нумӯъи ноҳия ёдовар шуда, зикр дошт, ки имрӯз арҷ гузоштан ба заҳмати насли калон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Суллҳу Ваҳдати миллӣ, Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Таъкид гардид, ки собиқадорон дар рушду пешрафти кишвар саҳми бориз дошта, пайроҳаи зиндагии онҳо барои насли ояндасози ҷомеа – ҷавонон намунаи ибрат ва пайравӣ аст.

Муқим Муродзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоатро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Ҳамагӣ диданд 505 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧