• 07.02.2023 16:52

АЙНӢ: БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АНЗОБ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ СУПОРИДА ШУД

Дек 29, 2022

29 декабри соли равон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба деҳаи Анзоби Ҷамоати деҳои Анзоб сафари корӣ намуда, хонандагони мактаб-интернати назди МТМУ-и №22-и деҳаи Анзобро бахшида ба соли нави мелодӣ табрик намуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар ин мактаб-интернат зиёда аз 40-нафар тарбиятгирандагон танҳо аз водии Яғноби Ҷамоати деҳоти Анзоб таҳсил менамоянд.
Муқим Муродзода дар чорабинии солинавии тарбиятгирандагони мактаб-интернати назди МТМУ-и № 22-и деҳаи Анзоб ширкат варзида, онҳоро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии хонандагони мактаб-интернатҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад ва роҳбари давлат зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳоро аёдат мекунанд, ки ин аз меҳрубонии падаронаи Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳад.
Барои тарбиятгирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби худи тарбиятгирандагони мактаб-интернат намоиш дода шуд.
Раиси ноҳия ба ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои солинавӣ супорид.
Мактаб-интернати назди МТМУ-и №22-и деҳаи Анзоб махсус барои фарзандони деҳоти Яғноб ва дигар сокинони деҳаҳои баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Анзоб сохта шуда, дар маркази деҳаи Анзоб ҷойгир гаштааст. Дар он беш аз 60 нафар хонандагон аз Ҷамоати деҳоти Анзоб ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таҳсилу касбу ҳунаромӯзии хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси ноҳия бо ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар мактаб — интернат шинос шуда, барои таҳти таваҷҷӯҳи махсус қарор додани тарбиятгирандагони муассиса ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Ҳамагӣ диданд 473 

🇹🇯🇷🇺🇬🇧