• 29.03.2024 17:52

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

АЙНӢ: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯ

Янв 26, 2023

26 январи соли равон дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Муқим Муродзода ҳамагонро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт: «Ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром гузоштан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад».

Дар зимн Раиси ноҳия аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуда, ба як қатор деҳқонон ва ҳунармадони фаъоли ноҳия, ки маҳсули дастони  худро ба маърази тамошо гузошта буданд, ифтихорнома ва мукофотҳо тақдим гардид.

Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод карданд, ки боиси болидахотирии иширокчиён гардид.

Ҳамагӣ диданд 580 

??????